ТАҶРИБАИ ДИГАРОНРО ҶИҲАТИ ТОЗАГИИ ШАҲР БОЯД ОМӮХТ
Тозаву озода нигоҳ доштани муҳити гирду атроф, обу ҳаво яке аз масъалаи асосии имрӯзаи ҷомеа аст. Барои ин, пеш аз ҳама ташабусскориву эҷодкорӣ мебояд ва ҳар як сокини пойтахт бояд саҳмгузор бошад. Тавре ки аз таҷрибаи яке аз давлатҳои пешқадами Осиё мушоҳида мегардад, ҷамъоварӣ ва коркарди партов (мусор)-ҳо боиси тозагии муҳити атроф мебошад. Барои тақвияти он аз давлати Тайван танҳо як мисол меорем. Тайван аз ҷиҳати тозагии экологӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад. Дар ин ҷо тез-тез борон меборад ва боду ҳавояш хеле тозаву форам аст, мардумаш низ умри тўлонӣ мебинанд. Тайван яке аз зеботарин ва сернуфузтарин ҷазираи дунёст ва зиёда аз 21 млн. аҳолӣ дорад. Шаҳри Тайпей дар тарафи шимоли Тайван ҷойгир буда, маркази калонтарини он ба ҳисоб меравад. Тавре аз мушоҳида бармеояд, дар ин ҷо партови зиёд ҷамъ намешавад ва тозагии муҳити гирду атроф аз мардум сахт вобаста аст. Мардумаш хеле сарфакор аст, ягон чизро беҳуда намепартояд, ҳама чиз ҷойи худро дорад. Ҷамъоварии партов якдилона ва муташакилона мегузарад. Тайваниҳо мардуми ниҳоят ташабускору боҳавсала мебошанд. Чунин муташаккилона ҷамъоварии партовҳоро ман бори аввал дар ин сарзамин мебинам, ки он хеле ҷолиби диққат буд. Ҳар рўз бегоҳӣ мошини махсус омада, дар назди биноҳои истиқоматӣ қарор мегирад ва истиқоматкунандагон партовҳоро дар борхалтаҳои салафании калон оварда месупоранд. Дохили борхалтаи калон аз халтаҳои алоҳида иборатанд. Тамоми халтаву халтачаҳои ҷамъшударо ба қисмҳо ҷудо карда, зарфҳои шишагину пластикӣ, коғаз, қуттиҳои коғазин ба як тараф ва дигар партовҳои салафанпеч, алоҳида ба мошин бор карда мешаванд. Мардум пасмондаи хўроквориро ба зарфҳои калони плассмасӣ холӣ мекунанд. Дар як дам ин зарфҳо пур шуда, ба таври тару тоза ба хайвоноту паррандагони боғи ҳайвонот ва дигар мағозаҳои ҳайвонот расонда мешаванд. Кормандон кори худро дар муддати 15-20 дақиқа ба анҷом мерасонанд. Агар касе муқаррароти фармудашударо риоя накунад, аз 2 то 7 ҳазор доллари тайванӣ ҷарима месупорад, ё кормандон аз он партовро қабул намекунанд. Гуфтанист, ки бо истифода аз технологияи наву замонавӣ ин поруҳо аз нав коркард мегарданд. Хуб мешуд, ки мардуми мо, ақаллан пасмондаи хўрок, сабзавоту меваҳоро ҷудо кунанд, то ки дар вақти муайян кормандони боғи ҳайвонот ба ҳайвону паррандагони гурусна бурда расонанд, ки ин як амали савобе ҳам мешавад. Мардум низ бо кор таъмин шуда, ҳам буйи нохуши партовҳои манзилгоҳҳои истиқоматӣ, ки дар он ҳашароти зараррасон кам нестанд ва касалиҳои сирояткунанда маҳз аз онҳо сар мезананд, аз байн мерафт ва муҳити гирду атроф, боду ҳаво тоза шуда, ҳусни шаҳр коста намегардид. Ҳар як шахси бомаърифату бомаданият метавонад ташкилотчӣ ва тарғибгари хубе бошад, то саҳми худро барои ободӣ ва тозагии муҳит бештар гузорад. Ин аст ба фикрам яке аз одоб ва маданияти шаҳрдорӣ. Махфират Игамова, омӯзгори калони кафедраи гуманитарии ДДЧТИСМ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






