ВОХӮРИИ Ҳ.З АРИФӢ БО САФИРИ ЮНОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Декабрь 4, 2009 17:17

                  Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова). Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Спинеллис, пас аз анҷоми маросими супоридани эътиборномаи расмӣ мулоқот анҷом дод.                     Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати матбуоти ВКХ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаҳои гидроэнергетика, сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ, таъмини амният дар кишвари Афғонистон баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба вусъат додани муносибатҳои Тоҷикистону Юнон дар доираи созмонҳои байналмиллалӣ қайд карда шуд.                    Ҳ.Зарифӣ, аз ҷумла иброз кард, ки дар рафти ҷаласаи 17 -уми вазирони корҳои хориҷаи Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо (САҲА), ки рӯзҳои 1-2 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Афина баргузор гардид, оид ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо сарвазир ва вазири корҳои хориҷаи Юнон Георгий Папандреу вохурӣ анҷом додаст. Сафири навтаъини Юнон дар навбати худ қайд кард, ки барои вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар талош хоҳад кард.

Декабрь 4, 2009 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!