ҲАДАФИ САФАРИ РОҲБАРИЯТИ ЮНИСЕФ БА СУҒД ЧИСТ?
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Роҳбари намояндагии созмони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хонум Хонгвей Гао бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад. Дар ҷараёни сафар Хонгвей Гао 25 январ нахуст бо роҳбарияти шаҳри Панҷакент мулоқот намуда, аз якчанд иншооти иҷтимоии ин шаҳр, аз ҷумла беморхонаи марказӣ, шӯъбаи таваллудхона ва маркази мубориза ба бемории СПИД дидан намуд. Масоили вазъи беҳдошти солимии кӯдакони вилояти Суғд ва ҷалби онҳо ба маҳфилҳои гуногун 26 январ зимни мулокоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо роҳбари намояндагии созмони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон хонум Хонгвей Гао баррасӣ гардид. Сипас, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо фаъолияти осорхонаи таърихии вилоят, муассисаи таълимии №30-и шаҳри Хуҷанд барои талабагони босираашон суст, осоишгоҳи вилоятии «Равшан» барои кӯдакони ятиму бепарастор аз наздик шинос шуд. Дар назар аст, ки то 27 январ хонум Хонгвей Гао бо роҳбарияти ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Исфара низ мулоқот анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи маркази маслиҳатдиҳӣ барои бачаҳои имкониятташон маҳдуди ноҳияи Б. Ғафуров ширкат карда, бо фаъолияти беморхонаи марказӣ ва маркази рушди қаблии Исфара шинос шавад.