ҶАВОБ БА БАДХОҲОНИ ТОҶИКИСТОН

Январь 4, 2010 10:13

                   Душанбе, 4 январ. (МИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дуруст будани андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси Копенгаген «Оид ба тағйири иқлим, 2 – 3 дараҷа гармшавии ҳавои атмосфера ва обшавии яхҳо» бо далелҳои раднашаванда бори дигар собит кард, ки аз дигар шудани иқлим Тоҷикистон чун кишвари дар шароити душвори ҷуғрофӣ қарордошта, бештар зарар мебинад.                     Миёни 200 давлати дунё Тоҷикистон аз ҷиҳати ба ҳаво партоб кардани карбони дуоксида ҷои 150 –ум ва дар Осиёи Миёна ҷои аз ҳама охиррро ишғол мекунад. Партоби гази ангидриди карбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол ҳамагӣ 5 фоизро ташкил медиҳад. Бар хилофи ин, 70 фоизи истеҳсоли барқ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ тавассути стансияҳои аловӣ, ки миллионҳо тонна газҳои ангидриди карбонро ташкил медиҳанд (ба ҳаво партоб менамоянд), истеҳсол мегардад. Ин далели он аст, ки Тоҷикистон дар дунё ҷиҳати истифодаи захираҳои энергетикии аз ҷиҳати экологӣ тоза – (нерӯгоҳҳои барқи обӣ) ба худ ҳамто надоорад.                   Алҳол Тоҷикистон аз 527 миллиард кВт соат заҳираҳои иқтидори энергетикиаш ҳамагӣ 5 — 6 фоизи онро мавриди истифода қарор додаст. Дар сурати дар оянда азхуд кардани ин миқдор иқтидори энергетикӣ нафақат партоби газҳои ангидриди карбон ба ҳаво кам мегардад, балки сарфи беҳудаи миллиардҳо тонна нафт пешгирӣ гардида, захираи обро барои насли ояндаи инсоният чун давлати сароб нигоҳ медорад.                   Ин ҷавоб барои онҳоест, ки Тоҷикистонро бобати сохтани нерӯгоҳҳои барқи обии аз ҷиҳати экологӣ тоза бадном карда, санги маломат мепартоянд.    

Январь 4, 2010 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад