160 ҲАЗОР СОМОНИРО АЗ ХУД КАРДАНДУ ОБ НАДОДАНД

Январь 6, 2010 11:17

                  Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сардори идораи хоҷагии оби ноҳияи Панҷ Дусматов Раҳматулло Иброгимович бо маслиҳати пешакии ҷинояткорона бо сармуҳосиби корхонаи мазкур С. Муродова ва хазиначӣ У. Тешаев бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ маблағҳои буҷетиро, ки баҳри беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ — (фермерӣ) –и ноҳия ҷудо шуда буд, бе иҷрои корҳо, ғайриқонунӣ аз эътибор соқит карда, маблағи 160 ҳазору 998 сомониро азхуд намуданд.                   Баъди шиносоӣ бо натиҷаи маводи санҷишии кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлонбуда, сардори корхонаи мазкур Р.И Дусматов бо мақсади ифшо нагаштани ҷиноятҳои содиркардаашон ва аз ҷавобгарӣ озод шудан, мунтазам кӯшиши ба кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти хатлон додани пораро ба маблағи 10 ҳазор доллари амрикоӣ намудааст.                   Вобаста ба ҳолати мазкур, кормандони Раёсати Агентӣ бо гузориш ба роҳбарияти Агентӣ муроҷиат намуда, рӯзи 16 – уми ноябри соли 2009 аз рӯи маводи санҷишӣ нисбати Р. И Дусматов бо аломатҳои моддаҳои 32 қ.3 (ҷинояти нотамом ва хотимаёфта), 320 қ .2 (додани пора) парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, худи ҳамон рӯз соати 11 зимни гузаронидани корҳои тафтишотию оперативӣ дар дохили ошхонаи «Лаззат» , воқеъ дар кӯчаи С. Айнии шаҳри Қӯрғонтеппа Р.И. Дусматов баъди ба корманди Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон додани пора ба маблағи 10 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир карда шуд.                   — Ҳоло, нисбати Р. И. Дусматов бо аломатҳои дар моддаи 32 қ.3, 320 қ.2 ва 245 қ.4 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ)-и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ гардида, тафтиш бурда мешавад,- иброз дошт, — ваколатдори фаврии шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариифбек Шарифбеков ба мухбири АМИТ «Ховар».

Январь 6, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад