5 234 МАҲБУС ОЗОД ГАРДИД

Январь 22, 2010 11:35

                    Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «5 ҳазору 234 маҳбуси марбут ба Раёсати ислоҳии Вазорати адлия дар ҷараёни татбиқи қонуни авф аз маҳбасҳо озод карда шуданд», — иттилоъ дода шуд, 21 январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотии роҳбарияти Вазорати адлияи ҶТ.                     Қайд гардид, ки аз шумораи озодшудагон мутобиқи қонуни авф дар соли 2009-ум 299 нафар зан, 42 нафар ноболиғ, 20 нафар иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳодисаи Чернобил, 45 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва амсоли инҳо мебошанд.                      Дар нишасти матбуотӣ зикр карда шуд, ки аз тарафи мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар давраи ҳисоботӣ 421459 аснод, аз ҷумла 175345 аснод оид ба таваллуд, 31175 ҳолати вафот, 101 392 никоҳ ва ғайра ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.                         Гуфтанист, ки аз фаъолияти Вазорати адлия ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо дар давоми соли 2009, дар самти анҷомдиҳии амалиётҳои нотариалӣ, бақайдгирии давлатии ӯҳдадориҳои гаравӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва монанди онҳо 21439296 сомонӣ маблағи нақд ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба соли пешин 2 904 7 сомонӣ зиёд мебошад. 

Январь 22, 2010 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад