А. НИЗОМОВ: «ТАШКИЛИ КОНСЕРТҲОИ АКАДЕМӢ — МУСОИДАТ БА БОЛОРАВИИ СИФАТИ ТАЪЛИМ АСТ»
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Соли 2009 ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 504 нафар довталабон ҳуҷҷат супориданд, ки нисбат ба соли 2008-ум 109 нафар зиёд аст. Аз ин шумора ба гурӯҳи буҷавии рӯзона 180 нафар ва ба гурӯҳи буҷавии ғойибона 51 нафар қабул гардиданд. Ба гурӯҳҳои рӯзона ва ғойибонаи шартномавӣ 185 нафар ва 63 нафар, инчунин тибқи квотаи президентӣ 25 нафар ба донишгоҳ дохил шуданд. Дар ин бора ректори Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Аслиддин Низомов зимни нишасти матбуотӣ, 21 январ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ректор зикр намуд, ки дар соли ҳисоботӣ Шӯрои илмӣ-методии донишкада дар ҷаласаҳои худ раванди фаъолияти илмӣ-методии донишкадаро мавриди баррасӣ қарор дода, зиёда аз 50 номгӯ барнома ва адабиёти таълимй-услубиро ба ба чоп тавсия намуданд. А. Низомов мӯътакид бар он аст, ки яке аз самтҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим дар бахшҳои мусиқӣ ин баргузор кардани консертҳои академӣ мебошад. Тӯли 3 сол аст, ки консертҳои академӣ дар ихтисосҳои ду факулта — омӯзгорӣ ва фарҳангшиносӣ доир мегардад, ки бевосита ба болоравии сифати таълиму тарбия дар донишкада мусоидат мекунанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки соли 2009 донишкадаро аз рӯи 11 ихтисос, аз ҷумла рассомӣ — 4 нафар, актёри драма ва кино – 15 нафар, рӯзноманигори садов а симо – 18 нафар, китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ — 37 нафар, таълими мусиқӣ — 22 нафар, режиссёри намоишҳои театронидашуда ва идҳо – 35 нафар, ансамбли мусиқии мардумӣ — 7 нафар, ҷамъ 181 нафар хатм намуданд. Аз ин шумора 16 нафарашон соҳиби дипломи «аъло» гардиданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






