АНҶУМАНИ НАВБАТИИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ТИББӢ

Январь 19, 2010 11:54

                 Маскав, 19 январ. (АМИТ «Ховар» — медэкпо.ру). — 18 январ дар Маскав дар мавзӯи роҳу усулҳои навтарини барқарор сохтани саломатӣ анҷумани чоруми байналхалқии кормандони соҳаи тиб кушода шуд. Ташкилкунандагони анҷуман вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия, Муассисаи давлатии федералии «Маркази илмии момодоягӣ, бемориҳои занона ва пешгирии бемориҳои модару кӯдаки ба номи В.И.Кулаков мебошанд.                    Дар анҷуман роҳбарону намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, муассисаҳои тиббӣ, олимону коршиносон аз мамлакатҳои ИДМ, Аврупо ва ИМА иштирок доранд. Олимону мутахассисони марказҳои илмии тиббии Белгия, Фаронса, Қазоқистон, Италия, Испания, Белорусия, Туркия, Британияи Кабир, Олмон, Исроил, ИМА, Канада ва Украина дар бораи роҳу усулҳо ва технологияи навтарини барқарор сохтани саломатӣ маърӯзаҳо пешниҳод хоҳанд кард. 

Январь 19, 2010 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад