АЗ ӮЗБЕКИСТОН ҲАМ САҲМИЯҲОИ РОҒУНРО ХАРИДАНД

Январь 6, 2010 17:10

                  Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон чиҳати дастгирии иқдоми неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои комёб шудан ба мустақилияти энергетикии Тоҷикистон аз ҳисоби маоши худ дар ҳаҷми 5 фоизи маоши солона (2896 доллари ИМА) ва сафир дар ҳаҷми 10 фоизи маоши солона (1620 доллари ИМА) барои харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «НБО Роғун» маблағ ҷудо намуда, ба суратҳисоби ҷамъияти мазкур гузарониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ доданд.                     Лозим ба зикр аст, ки кормандони сафорат тасмим гирифтаанд, ки дар давоми семоҳаи якуми соли 2010-ум 5 фоизи маоши солонаи худро барои хариди саҳмияҳои НБО-и Роғун мегузаронанд. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳои сарфношудаи сафорат ба суратҳисоби Роғун 19000 доллари ИМА гузаронида шуд.                      Умуман, аз ҳисоби маоши кормандон ва маблағҳои сарфношудаи сафорат ба суратҳисоби НБО-и Роғун 23 516 доллари ИМА (102 539 сомонӣ) интиқол гардид.                      Ҷиҳати таблиғи иқдомоти мазкур сафорат тавассути ВАО – и кишвари иқомат низ фаъолият анҷом дода истодааст, ки саҳифаи махсуси ҳафтаномаи «Туркистон — пресс» таҳти рубрикаи «Набзи Тоҷикистон» ба оғози фурӯши саҳмияҳои ҷамъияти номбурда бахшида шудааст. Кор дар самти мазкур идома меёбад ва сафорат ҷиҳати ҷалб намудани маблағҳои иловагӣ тавассути сайт, пресс – релиз байни сафорату созмонҳои байналмиллалии муқими Тошканд, ҷамъияту диаспораҳои тоҷик ва соҳибкорону корчаллонони кишвари иқомат, пайваста фаъолият мебарад.

Январь 6, 2010 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!