БА МАБЛАҒИ 5 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИМА САҲМИЯ МЕХАРАНД

Январь 7, 2010 14:37

                   Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Шӯрои нозирони «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров 6 январ ба маблағи 260 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии «НБО Роғун» — ро харид. Вай зикр намуд, ки кормандони «Тоҷиксодиротбонк» давра ба давра ба маблағи 5 миллион доллари ИМА саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро мехаранд.                     Т.Пиров чанд рӯз пеш дар маҷлиси кормандони бонк изҳор карда буд, ки ҳама бояд ташаббуси Президенти ҷумҳуриро дар бобати тезонидани суръати сохтмони НБО «Роғун» дастгирӣ намуда, саҳмияҳои онро харанд. Раиси бонк зикр намуд, ки аз ҳисоби пасандози оилавии худ ба маблағи сад ҳазор доллари ИМА саҳмияҳои нерӯгоҳро мехарад.                     Бояд гуфт, ки дар бонки мазкур ситоди расондани кӯмак ба сохтмони НБО «Роғун» фаъолият дорад.

Январь 7, 2010 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!