БАРОИ СОХТАНИ НБО «РОҒУН» ЧӢ ҚАДАР МАБЛАҒ ЗАРУР АСТ?
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов 25 январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки барои пурра сохтани нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» 6 миллиард сомонӣ зарур аст. Вай зикр намуд, ки тӯли солҳои 2007 – 2009 барои сохтмони нерӯгоҳ аз буҷети давлат бештар аз 700 миллион сомонӣ ва соли 2010 — ум 650 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Пешбинӣ карда мешавад, ки соли 2011 барои сохтмони ин иншооти азим камаш 800 миллион, соли 2012 – ум 1,1 миллиард сомонӣ ва соли 2014- ум 1,8 миллиард сомонӣ ҷудо карда хоҳад шуд. Вазир қайд кард, ки айни ҳол дар саросари ҷумҳурӣ барои фурӯхтани саҳмияҳои НБО «Роғун» 770 бунгоҳ кушода шудааст. Саҳмияҳои онро ҳамаи бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратии мамлакат мефурӯшанд. С.Наҷмиддинов ба журналистон ваъда дод, ки тамоми маълумот дар бораи маблағи фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои саҳмияҳои НБО «Роғун» ҳисоб карда, баъди як моҳи оғози фурӯши онҳо дар воситаҳои ахбори оммавӣ чоп карда мешаванд. Зикр шуд, ки барои чопи саҳмияҳои нерӯгоҳ тақрибан 4 миллион сомонӣ сарф шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






