Д. ҲОТАМОВ: «РОҒУН» АЗ НИГОҲИ СИФАТ ЗЕРИ НАЗОРАТИ ҶИДДИСТ»
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Фаъолияти ҶСШК «Роғунгэсстрой», ҶСШК «Норакбозсоз», ҶДММ «Интерстрой» ва ширкати «Шарқи кӯҳӣ», ки ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмони ватанӣ (рег, шағал, бетон) машғуланд, дар зери назорати доимӣ қарор дошта, маҳсулоти аз ин корхонаҳо ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» фиристонидашаванда баъди ташхиси озмоишгоҳ ворид карда мешаванд. Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ Давлаталӣ Ҳотамов мӯътақид бар он аст, ки рафти корҳо дар сохтмони НБО «Роғун» аз нуқтаи назари назорати давлатии сифат ҳоло ҳам беҳбудиро металабанд. Зеро, сохтмони ин иншооти муҳими аср муваққатӣ набуда, баъди ба истифода додан, он бояд солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат кунад. Бинобар ин, ҳамаи корҳо бояд аз рӯи меъёри стандартҳо, тибқи қонунҳои амалкунандаи соҳа сурат гирифта, нисбат ба ин масъала бояд ҷиддӣ рафтор намуд. Гуфтанист, ки бо мақсади ба зери назорати доимӣ гирифтани рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» аз ҳисоби роҳбарон ва мутахассисони варзидаи Агентӣ комиссияи махсус таъсис дода шуда, масъулини Агентии «Тоҷикстандарт» вазифадор шудаанд, ки тибқи нақша–чорабинии мушаххас амал намоянд. Дар нақша–чорабиниҳо масъалаҳои ҳалталаби марбути соҳа, аз ҷумла таъмин намудани НБО «Роғун» бо санадҳои меъёрии маҳсулоти сохтмонӣ, графики ташхиси воситаҳои ченак, тартиби соддакардашудаи гузаронидани корҳои сертификатсионӣ, ба ҳайати комиссияи квалификатсионӣ дохил кардани намояндаи «Тоҷикстандарт», бурдани назорати алоҳидаи махсус оиди воридоти маҳсулоти сохтмонӣ, гузаронидани назорати инспексионӣ дар соҳаи хӯроки умумию хизматрасонӣ ва ғайра бояд ба расмият дароварда шаванд. Мавриди зикр аст, ки Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» дар баробари ба зери назорати доимӣ гирифтани рафти корҳои сохтмонӣ аз нигоҳи сифат, инчунин ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявӣ дар корҳои ободонии ин иншооти стротегии кишвар низ ҳиссагузор аст. Аллакай ба суратҳисоби НБО «Роғун» як миқдор маблағ ирсол карда, боз дар моҳи январи соли 2010 гузаронидани 300 ҳазор сомонӣ ва дар давоми соли ҷорӣ ба маблағи як миллион доллари ИМА саҳм гузоштан дар назар аст.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






