ДАР БОЗОРИ «КОРВОН» ҚОЧОҚЧӢ ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 7 январи соли равон ду далели нигоҳдорӣ ва интиқоли фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, хабар доданд аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ. Кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори Вазорати корҳои дохилии ҶТ шаҳрванд Давлаталӣ Самадов соли таваллудаш 1983 сокини ноҳияи Ҷ. Румиро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ дар дохили борхалтааш ба миқдори 2 кг 20 гр маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳамчунин кормандони бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи И. Сомонӣ, дар бозори «Корвон» шаҳрванд Ҷамшед Комилов соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд, ки мазкур ба фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор машғул буд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи чапи куртааш маводи сахттаъсири героин, ки вазнаш 58 граммро ташкил медиҳад дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шуда тафтишот идома дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






