ДАР ПАНҶИ ПОЁН 783 АШЁИ ФАРҲАНГӢ МУСОДИРА ШУДААСТ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Алҳол 2020 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 1278 бостонӣ, 300 – меъморӣ ва 442 – таърихӣ-монументалӣ, аз ҷумла 147 ҳайкалу нимпайкараҳо мебошанд. Ин нуқтаро вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ 20 январ, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд. Вай афзуд, ки бобати пешгирии қонуншиканиҳо нисбати ёдгориҳои ноҳияи Варзоб ва қалъаи Деҳқонободи ноҳияи Ваҳдат чораҳои зарурӣ андешида, бо роҳбарияти ноҳияҳои Конибодом, Балҷувон, Шаҳритус ва Қубодиён ҷиҳати татбиқи қонунгузорӣ оид ба ёдгориҳо сўҳбатҳо гузаронида шуд. Бо мақсади қонунӣ гардонидани ёдгориҳои таърихии ноҳияи Панҷакент ба 4 муҷассамаҳои ин шаҳр — ҳайкалҳои Деваштич, Фирдавсӣ, Ойгул Мамадҷонова ва Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ шиноснома таҳия шуданд. “Комиссияи эскпертизаи бадеӣ 166 ташхис доир намуд, ки аз ин миқдор 12-тоаш ба маводи фаҳш ва 11-то ба қочоқи сарватҳои фарҳангӣ мансуб буда, дар натиҷа 783 ашёи фарҳангӣ дар гумруки Панҷи Поён мусодира ва 94 ашёи гуногун, аз ҷумла 19 ашёи антиқӣ ва 4 китоби дастхат ба осорхонаҳо интиқол дода шуданд”, — тазаккур дод вазир. Тазаккур додан ба маврид аст, ки аз ҷониби аҳолӣ ба “Комиссияи хариди Осорхона” 235 ёдгории антиқӣ, аз ҷумла, 67 дастхат ва китобҳои чопи сангӣ, 78 сиккаи нуқрагии асри ХIII-и зарби Хуҷанд, Андигон, Шош, кўзачаҳои сафолии нақши ангобии аҳди Сомониён, зарфҳои мисини ибтидои асри ХХ ва ғайра тавсия карда шудаанд. Бо дастгирии фонди хайриявии “КАРИТАС” 7 адад китоби дастнависи нодир бо номҳои “Анвору-л-танзил” (асри ХIХ), “Маъроҷу-н-нубуват” (асри ХIХ), “Салоти Масъудӣ” (асри ХVIII), “Ал-Ҳидоя фи шарҳи-л-бидоя” (чопи сангӣ, асри ХIХ), “Шарҳу-л-виқоя” (чопи сангӣ, асри ХIХ) харидорӣ шуда, ба хазинаи осорхона супурда шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






