ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ ДАР СОЛИ 2009
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илми тиб, профессор Убайдулло Қурбонов 22 январ дар ҷараёни нишасти матбуотии бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2009 изҳор намуд, ки бо ташаббуси роҳбарияти ин мактаби олӣ соли гузашта дар фаъолияти он дигаргуниҳои муҳим ба амал омаданд. Онҳо ба беҳтар гардидани фаъолияти донишгоҳ, сифати таълим ва дараҷаи донишомӯзии донишҷӯён мусоидат мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта дар донишгоҳ шӯъбаҳои нави тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва адабиёти соҳавӣ ба забони давлатӣ, такмили маҳорати кормандону омӯзгорони донишгоҳ ва маркази ташхису табобат кушода шуданд. У.Қурбонов зикр кард, ки айни ҳол дар донишгоҳ 5886 донишҷӯ таҳсил мекунад. Аз ин ҷумла 3862 нафар дар гурӯҳҳои буҷетӣ ва 2024 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ машғулият мегузаронанд. Таҳсил дар донишгоҳ бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Маблағи буҷети донишгоҳ дар соли 2009 – ум 17 миллиону 940 ҳазору 480 сомонӣ буд, ки нисбат ба соли 2008 – ум 36 фоиз зиёд аст. Бо роҳи самарабахш истифода бурдани буҷет заминаи моддию техникии ҳамаи факултаҳои донишгоҳ мустаҳкам карда шуд. Донишҷӯён имрӯз аз 650 компютер истифода мебаранд. Соли гузашта ҳамаи кафедраҳо бо дастурамалҳои методию аёнӣ, асбобу анҷоми физикию тиббӣ, доруҳои химиявӣ таъмин намуда, барои тармими синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо, толорҳои варзишӣ, хобгоҳҳо, ошхонаҳо, сабзу хуррам гардонидани гирду атрофи биноҳои таълимӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки моҳи ноябри соли 2009 — ум 70 – солагии ташкили ДДМТ ҷашн гирифта шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






