ДОВАРИ ФУТБОЛИ ТОҶИК АЗ ИМТИҲОН НАГУЗАШТ

Январь 25, 2010 10:14

                  Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 24 январ гурӯҳи нахустини доварони футболи мамлакатҳои Осиё дар доираи семинари маърифатии доварони байналмилалӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ имтиҳон супориданд. Аз 38 нафар иштирокчиёни семинар 5 нафар имтиҳон супорида натавонистанд. Дар байни онҳо довари тоҷик Рустам Холов низ ҳаст.                      Се нафар иштирокчии семинар — доварон Бен Уилсон аз Австралия, Субҳиддин Солеҳ аз Малайзия ва Валентин Коваленко аз Ӯзбекистон имтиҳонро бомуваффақият супориданд. Онҳо охири моҳи январ дар мусобиқаи байналхалқии футболи дастаҳои Лигаи қаҳрамонони Конфедератсияи футболи Осиё ширкат хоҳанд варзид. Гурӯҳи дигари доварон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ — Дмитрий Машенсев аз Қирғизистон, Рустам Холов аз Тоҷикистон, Какабой Саидов аз Туркманистон ва Владислав Сейлин аз Ӯзбекистон ба гурӯҳи дуюм дохил карда шуданд. Онҳо рӯзи панҷшанбе ба пойтахти Малайзия — Куала – Лумпур мераванд.

Январь 25, 2010 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!