Э. РАҲМОН ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО БА ИМЗО РАСОНИД
9 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ, «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда шуда, аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфта буданд, ба имзо расонид. Мутобиқи қонунҳои мазкур идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон бо меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои ойинагӣ ва идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб аз 1 январи соли 2010 иҷозат дода намешавад. Танҳо идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқарраршудаи стандартҳои давлатӣ (ГОСТ) мутобиқат намекунанд дар сурати гирифтани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат дода мешавад. Барои додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира (ба истинои оинаи пеш) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт ситонида мешавад. Меъёри пардохт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира ба андозаи 63 нишондиҳанда барои ҳисобҳо меъёри пардохтро муқаррар намуд, ки он ба 2200 сомонӣ баробар аст. Шахсоне, ки талаботи қонунҳои номбурдаро вайрон мекунанд, мутобиқи тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб ва бо шишаҳои ойинагӣ умуман, инчунин бо шишаҳои сиёху хира бошад дар сурати надоштани иҷозати махсуси мақомоти ваколатдори давлатӣ ба андозаи як саду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад, ки ин ба 4400 сомонӣ баробар мебошад. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёти маҷмуи идоракуниашон аз тарафи рост ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Вазоратҳои корҳои дохилӣ, молия, мақомотҳои андоз, Тоҷикстандарт ва дигар мақомотҳои дахлдорро зарур аст, ки иҷрои талаботҳои қонунҳои номбаршударо таъмин намоянд.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






