ФӮРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ҲИСОБОТ ДОД

Январь 15, 2010 12:00

                   Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии "Фӯрудгоҳи байналмилалии Душанбе" ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти фаъолияти корхона дар соли 2009 бо иштироки кормандон ва намояндагони мақомотҳои дар фӯрудгоҳ амалкунанда баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти корхонаи мазкур иттилоъ доданд.                    Дар кори ҷаласа муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Ҳамроев Фирӯз Халилович, сардори Сарраёсати авиатсияи гражданӣ Набиев Азиз, намояндагони мақомотҳои қудратии дар фӯрудгоҳ амалкунанда, аз ҷумла муовини сардори ШКД назди фӯрудгоҳ Сафаров Насрулло, сардори хадамоти гумруки назди фӯрудгоҳ Бозоров Хуршед, шӯъбаи Агентии назорати маводи нашъадор дар назди фӯрудгоҳ Маҳмудов Ҳалимҷон, сардори сарҳадбонони назди фӯрудгоҳ Назиров Шералӣ иштирок намуданд.                    Муовини Директори генералии КВД "Фӯрудгоҳи байналмилалии Душанбе" Иброҳимов Азиз доир ба фаъолияти яксолаи корхона маърӯза кард. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар соли 2009 вазифаҳои дар назди кормандон гузошташуда пурра амалӣ шуданд. Фӯрудгоҳ бо 19 ширкатҳои ҳавопаймоии дохилу хориҷии кишвар шартномаи ҳамкорӣ дорад ва парвозҳои тайёраҳои ин ширкатҳо аз фӯрудгоҳи Душанбе пайваста сурат мегиранд. Дар соли 2009 аз ҷониби фӯрудгоҳи Душанбе ба 486,938 мусофири парвозкарда ва 466,930 мусофири омада хизмат расонида шудааст. Интиқоли бор бошад 1729 тоннаву 485 килоро ташкил дод.                     Оид ба сифати хизматрасонӣ ба мусофирон аз ҷумла таъкид шуд, ки ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд ва метавон бо кӯшиши ҷонибҳо, яъне кормандон ва мусофирон ва хусусан дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дар фӯрудгоҳ фаъолият дошта, камбудиҳоро бартараф кард.                      Сардори сарраёсати авиатсияи гражданӣ Набиев А.А., муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия Ҳамроев Ф.Х., сардори Хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳ Қосимов А.А. баромад намуда фикру андешаҳои худро нисбати фаъолияти фӯрудгоҳ дар соли гузашта изҳор карданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки кормандони фӯрудгоҳи байналмилалии Душанбе ба муроҷиати Сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони НБО Роғун бо истифода аз имкониҳятҳои дохилӣ ҳамовозии гарму ҷӯшон нишон доданд. Маъракаи гузаштан ба фӯрузонакҳои каммасраф дастгирии ҳамаҷониба ёфта, дар як муддати кӯтоҳ амалӣ карда шуд. Ба оилаҳои камбизоат кӯмак карда шуда, дар ноҳияи Хуросон ба зарардидагон аз офати табиӣ ду хонаи истиқоматӣ сохта шуд. Маъракаи харидорӣ кардани саҳмияҳои НБО -и Роғун бошад, аз ҷониби роҳбарият ва коллективи меҳнатии корхона ҷонибдорӣ гардида, дар рӯзҳои аввали ин маъракаи умумихалқӣ кормандони фӯрудгоҳ музди меҳнати серӯзаи худро ба хазинаи Роғун гузарониданд, ки 181 ҳазору 561 сомониро ташкил намуд.                   «Фаъолияти яксолаи КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"-ро ҷамъбаст намуда, Иброҳимов А. иброз дошт, ки дар соли 2010 кормандони КВД "ФБД" тамоми қувваро ба он равона месозанд, ки нақшаҳои корӣ пурра иҷро шаванд ва дар болоравии иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд» -гуфт корманди дафтари матбуоти фӯрудгоҳ Муҳаммадюсуфи Шодӣ.

Январь 15, 2010 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд