ФАЙЗОБОД: — 2 700 000 СОМОНӢ БА НБО «РОҒУН»
Файзобод, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Мардуми сарбаланди ноҳияи Файзобод дар сохтмони иншооти бузурги аср — НБО «Роғун» чун дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ саҳми назарраси худро мегузоранд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини аввали раиси ноҳияи Файзобод Зиёратшо Ятимов иттилоъ дод, то имрӯз сокинони ноҳия ба маблағи 2 700 000 сомонӣ ба суратҳисоби НБО «Роғун» гузарониданд. Ӯ афзуд, ки ин маблағ ҳоло кофӣ набуда, дар оянда низ шаҳрвандон аз имкониятҳои молиявии худ истифода бурда, саҳмияҳои НБО «Роғун»-ро харидорӣ менамоянд. Инчунин, маорифчиёни ноҳияи Файзобод ба маблағи 467800 сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун»-ро харидорӣ намуданд, ки ин рақами охирин нест.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






