ГАРМИИ ЯНВАР БОИСИ ТАШВИШИ БОҒДОРОН
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзҳои гарми моҳи январи соли ҷорӣ боиси ташвиши боғдорону кишоварзон гардидааст. Имрӯзҳо дар минтақаҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ва водии Ҳисор бо вуҷуди зимистон буданаш ҳавои гарми офтобӣ ҳукумфармоӣ дорад. Гарм омадани моҳи январ барои хоҷагиҳое, ки киштро анҷом надодаанд хуб ва барои онҳое, ки ба боғдорӣ машғуланд, ташвишовар маҳсуб меёбад. Чанд соли охир ҳис карда мешавад, ки боду ҳаво тагйир ёфтааст, — мегӯяд сокини ноҳияи Шаҳритус деҳқони асил Авғон Кавгов.Мардуми минтақаҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб аз гарм омадани моҳи январ чандон хушоянд нестанд, зеро борҳо шудааст, ки меваю сабзавот ва зироаташон дар чунин шароит талаф ёфтааст. — Ман гармшавии ҳавои атмосфераро як даҳсола пештар ҳис кардам ва ҳақ ба ҷониби онҳоест, ки давлатҳои аз стансияҳои энергетикӣ — аловӣ истифодабарандаро сабаби гармшавии ҳавои атмосфера медонанд, — мегӯяд раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев. -Моро зарур аст, ки ҳаётро бо табиат мувофиқ намоем, олимон бояд дар ин бора бештар фикр кунанд ва тавсияю хулосахои илмӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳод намоянд, инсон аз ҳар мушкилоте, ки пайдо мешавад, баромада метавонад, бо гарм омадани ҳаво мо бояд ба парвариши меваҳои ситрусӣ машғул шавем, ки он ҳам дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад ва аз пахта бештар фоида оварда метавонад, аммо январ — январ аст, ҳар лаҳза метавонад дар ин моҳ ҳаво сард шавад ва барфи зиёд ҳам борад, ин набояд боиси ташвиш бошад, — афзуд раис дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






