ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

Январь 13, 2010 10:04

                 Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли 2010 оғози ҳамкориҳои нави ҶТ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳсуб меёбад.                   Дар ибтидои соли 2010 миёни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва ширкати «Фороб» -и Ҷумҳурии Исломии Эрон меморандум оид ба омӯзиш ва сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Айнӣ дар дарёи Зарафшон ба имзо расонида шуд.                    Дар аввали моҳи январи соли 2010 ҳамчунин 5 ҳуҷҷати байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Эрон ба имзо расид.                     Боиси тазаккур аст, ки дар давоми 11 моҳи соли 2009 гардиши мол байни Тоҷикистону Эрон беш аз 115 млн. доллари амрикоиро ташкил дод.                     Айни замон, 150 ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Эрон дар ҳудуди ин ду давлат фаъолият мекунанд.                     Имзои нави созишнома ва меморандум имкониятҳои бештари самарабахшро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи боз ҳам баланд густариш хоҳад дод,- иброз доштанд дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Январь 13, 2010 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад