«ИМДОД»РО&#1202&#1202ОИ ТАШКИЛИ &#1206ОЙ&#1202ОИ КОРРО БА ОИЛА&#1202ОИ НИЁЗМАНД БАРРАС&#1250 МЕКУНАД

Январь 5, 2010 17:04

                  Душанбе, 5 январ.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-«Аҳамияти рушди худишғолӣ дар дастгирии хонаводаҳои ниёзманд», таҳти чунин унвон 13- 14 январ дар «Кохи ваҳдат»-и пойтахт семинар баргузор мегардад. Дар ин хусус, 5 январ Раиси Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.                     Мавсуф гуфт, ки семинари мазкур бо ибтикори намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки дар он Раиси кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ Ҳусайн Анворӣ, узви Шӯрои марказӣ ва муовини фарҳангии Кумитаи мазкур Ҳамидризо Тараққӣ ва дигар коршиносону соҳибназарони тоҷику эронӣ иштирок намуда, роҷеъ ба масъалаи таъмини хонаводаҳои ниёзманд бо шуғли муайян табодули назар мекунанд.                    Ҳадаф аз баргузории чунин семинар баррасии масъалаи ташкили ҷойҳои кор ва расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманд дар мавриди шуғли муайян ва беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо аст, афзуд С. Разавӣ.    

Январь 5, 2010 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!