ИМЗОИ ҚОНУНҲО АЗ ҶОНИБИ ПРЕЗИДЕНТ

Январь 13, 2010 08:56

                    Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расид.                     Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи нафақаҳои суѓуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон», «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.                        Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» муносибатҳоро дар соҳаи омор танзим намуда, ҳуқуқу ўҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва воҳидҳои омориро муайян мекунад.                        Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суѓуртавӣ ва давлатӣ» масъалаҳои таъину пардохти нафақаҳои суѓуртавӣ, манбаҳои маблаѓгузории онҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва паҳлўҳои дигари ин соҳаро танзим менамояд. Мувофиқи ин қонун низоми нави таъин ва пардохти нафақа аз 1 январи соли 2011 ҷорӣ карда мешавад.                       Қонуни Ҹумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қонуни нав ва мукаммал буда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро ба мисли об, бод, офтоб муқаррар ва самтҳои дигари онҳоро танзим менамояд.                     Мувофиқи таѓйиру иловаҳои ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, дар Суди Олӣ, судҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таъсиси коллегияҳо оид ба корҳои оилавӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Таъсиси чунин коллегияҳо барои такмили фаъолият мақомоти судӣ ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд, баррасии саривақтӣ ва босифати пардвандаҳо дар ин самт равона карда шудааст.                     Қонунҳои ба имзорасида пеш аз ҳама ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, такмили қонунгузории ҷорӣ ва тақвияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, танзиму таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шуда, барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидати бештаре хоҳанд кард.

Январь 13, 2010 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!