ИСТЕҲСОЛИ НЕРӮИ БАРҚ АФЗУД

Январь 21, 2010 15:13

                   Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Нерӯгоҳи барқи обии «Сантӯда – 1» соли 2009 истеҳсоли қувваи барқро 51 фоиз зиёд кард. Соли гузашта дар ин ҷо 1,7 миллиард киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд.                   Аз дафтари матбуоти нерӯгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар давоми ду соли фаъолияти он қариб 2977,4 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол карда шудааст.                    Зикр карда шуд, ки айни ҳол аз 4 агрегати нерӯгоҳ 3 агрегат кор мекунад. Яке аз агрегатҳо мувофиқи нақша тармим карда мешавад. НБО «Сангтӯда – 1» айни ҳол дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна аз 5,6 то 6 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол мекунад.                    Директори генералии нерӯгоҳ Владимир Белов зикр кард, ки соли 2010 вазифаҳои асосии маъмурият ва мутахассисони он таъмини фаъолияти муттасил, самарабахш ва бехатари нерӯгоҳ, вусъат додани имкониятҳо барои содир кардани қувваи барқ дар давраи тобистон, таъмини вазъияти мӯътадили молиявӣ, иҷрои қарордод бо ҷониби Тоҷикистон ва ғайра мебошанд. Сари вақт ворид гардидани маблағ имкон медиҳад, ки таҷҳизоти нерӯгоҳ дар мӯҳлати муқарраршуда тармим карда, истеҳсоли қувваи барқ зиёд гардонда шавад, гуфт В.Белов.

Январь 21, 2010 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!