ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН НАЗОРАТИ ҚАТЪИРО ТАЛАБ МЕКУНАД
Файзобод, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Тибқи маълумоти фаврии Кумитаи заминсозии ноҳияи Файзобод дар соли 2009 як қатор корҳо оиди муносибатҳои вобаста ба замин ва заминсозӣ, риояи қонунгузории замин ва ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои заминистифодабарӣ дар ноҳия ба анҷом расонида шудааст. Кумитаи заминсозии ноҳия дар соли равон бо мақсади иҷрои ҳатмии муроҷиатномаи Президенти мамлакат дар ҳудуди деҳоти заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ, новобаста аз шакли моликияташон назорат оиди гузаронидани кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, бунёди боғҳои нав, аз нав ташкилкунии боғҳои кӯҳна ва самараноку оқилона истифодабарии замин дар заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон бо иштироки намояндагони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳои деҳот гузаронида шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки 53 гектар боғи нав дар ноҳия аз тарафи заминистифодабарандагон бунёд карда шудааст. 87 гектар боғҳои кӯҳна аз тарафи хоҷагиҳои деҳконии ҳудуди ноҳия аз нав барқарор карда шуд. Дар хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия ҳамагӣ дар масоҳати 1750 гектар кишти тирамоҳи гузаронида шудааст, ки аз он 1020 гектараш замини обӣ мебошад. «Кумитаи заминсозии ноҳияи Файзобод барои рафъи вайронкунии қонунгузории замин ва ба танзим даровардани муносибатҳои вобаста ба замин назоратро пурзӯр намуда тамоми чораҳои лозимиро меандешанд; — гуфт дар охири сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси кумитаи заминсозии ноҳияи Файзобод Илҳом Ҳасанов.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






