КОМЁБИИ ВАРЗИШГАРОН

Январь 25, 2010 15:56

                   Шаҳраки Сомониён, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). – Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ноҳияи Рӯдакӣ ба тарбияи варзишии наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ медиҳад. Умуман, дар ҳудуди ноҳия 320 иншооти варзишӣ аз ҷумла, 102 майдони футбол, 106 майдони волейбол,72 майдони баскетбол ва 39 толорҳои варзишӣ фаъолият доранд . Дар асоси 2 мактаби варзишии наврасон маркази захираҳои олимпӣ таъсис дода шуд, ки дар он зиёда аз 600 нафар ҷавонону наврасон дар 85 гурӯҳи таълимӣ дар бахшҳои дзюдо, футбол, волейбол, баскетбол, бокс, тэквандо, самбо ба варзиш фаро гирифта шудаанд.                   Варзишгарони ноҳия бо сайъю кӯшишҳояшон ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, тавонистанд шаъну шарафи ноҳия ва Ватани азизамонро то ба миқёси ҷаҳонӣ баланд бардоранд. Аз ҷумла Нурулло Неъматов ва Лутфулло Розиқов дар мусобиқаи «Ҷоми ҷаҳон», ки моҳи октябр дар кишвари Булғористон баргузор гардид, иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло ва биринҷӣ гардиданд. 

Январь 25, 2010 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд