КОНФРОНСИ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН ДАР ТУРКИЯ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Январь 21, 2010 16:36

                  Кобул, 21 январ. (АМИТ «Ховар» — афғонистон. ру). – Сафири Туркия дар Афғонистон Босета Озтурк зимни мулоқот бо ноиби президенти Афғонистон Муҳаммадкарим Халилӣ изҳор намуд, ки Туркия тайёр аст, охири моҳи январ конфронси байналхалқии бахшида ба Афғонистонро дар шаҳри Истамбул баргузор созад.                   Сафири Туркия изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории ҳар ду мамлакат дар оянда низ густариш хоҳад ёфт. Вай таъкид кард, ки маъмурияти мамлакаташ тайёр аст, мулоқоти сеюми сарони давлатҳои Туркия, Афғонистон ва Покистонро ташкил намояд.                    Конфронси байналхалқӣ бахшида ба Афғонистон 24 – 25 январ дар Истамбул баргузор мегардад. Дар он сарони давлатҳои ҳамсояи Афғонистон ва намояндагони мамлакатҳои мададгори он иштирок хоҳанд кард.                    Хабар дода мешавад, ки мусоҳибон инчунин ҳамкории кишварҳояшонро дар соҳаҳои дин ва фарҳанг мавриди муҳокима қарор доданд. 

Январь 21, 2010 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад