КОРМАНДОНИ МИЛИСА РАСОНДАНИ КӮМАКИ АВВАЛИНИ ТИББИРО МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Дар бинои Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз 18 то 26 январ курси якҳафтаинаи омӯзиши роҳу усулҳои расонидани кӯмаки аввалини тиббӣ ба одамон дар мавриди рух додани фалокат ташкил карда шуд. Дар он кормандони Академияи ВКД, Маркази таълимии ВКД, Агентии назорати маводи нашъадор, раёсати умуми артиши марзбон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки курси мазкур бо кӯмаки молиявии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Онро афсари мустаъфӣ, корманди собиқи политсияи Ню – Йорк Ҷеймс Келли гузаронид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






