ЛОИҲА ДУБОРА МАБЛАҒГУЗОРӢ ШУД

Январь 22, 2010 12:34

                  Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ дар 41 ноҳияи вилоёти Суғду Хатлон, бо аҳолии зиёда аз 4,5 миллион (65% аз шумораи умумии аҳолии мамлакат) амалӣ мешавад, зикр намуд дар нишати матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2009 ва нақшаи фаъолияти кори семоҳаи аввали соли 2010 директори Лоиҳа Маҳбуба Шералиева.                     Инчунин, қайд намуд, ки Лоиҳаи оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ яке аз грантҳои маблағгузории бузурги мамлакат дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Аз ин ҳисоб, маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ 10,0 миллион доллари ИМА, СИДА (Агентии Шведии Рушди байналмиллалӣ) – 6.11 миллион, ва Агентии Швейсарӣ оид ба Ҳамкорӣ ва Рушд – 1.18 миллион доллари ИМА. Бонки умумиҷаҳонӣ ба муроҷиати таъҷилии Созмони Миллали Муттаҳид бо сабаби зимистони вазнини солҳои 2007-08 ҷавоб дода, моҳи сентябри соли 2008 ба маблағи 4 млн. доллари ШМА маблағгузорӣ намуд, ки он ба пуррагӣ истифода карда шуд.                    Фаъолияти ин лоиҳа аслан дар моҳи августи соли 2009 ба охир расида, баъди ҷудо намудани 5 миллион доллари амрикоӣ кори худро давом дода истодааст ва охири соли 2010 кори худро ба таври пурра ба итмом мерасонад, — илова намуд М. Шералиева.  

Январь 22, 2010 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад