М. БОЛТУЕВ: «ДАР ТОҶИКИСТОН ФАЗОИ ОЗОДИ ИНТИХОБОТӢ ВУҶУД ДОРАД»
Душанбе, 15 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзолаӣ Болтуев 15 январ бо роҳбари ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (ДНДҲИ/ САҲА) Артис Пабрикс, ки барои назорат аз интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ ба Тоҷикистон сафарбар гардидаанд, мулоқот кард. Мирзоалӣ Болтуев ба ҳайати нозирони САҲА доир ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ маълумот дод. Мавсуф гуфт, ки дар ҷумҳурӣ ҷиҳати омодагӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ корҳои зиёд ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, 41 ҳавзаи интихоботӣ ва 1 ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ созмон дода шудаааст. Пешбарии номзадҳо аз 31 декабри соли 2009 оғоз гардида, он 14 январ анҷом ёфт. Дар 41 ҳавзаи интихоботӣ 146 номзад пешбарӣ гардидаанд, ки ба ҳар як ҳавза 4 номзад рост меояд. Минбаъд ба қайдгирии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ оғоз гардида, ҳар як номзад то 27 феврал маъракаи тарғиботӣ мебарад. Зимни посух ба саволи роҳбари ҳайати нозирони САҲА Артис Пабрикс, ки дар баргузории итихоботи парлумонии соли 2010 ягон мушкилот вуҷуд надорад? Мирзоалӣ Болтуев гуфт, ки дар Тоҷикистон фазои озоди интихоботӣ фароҳам аст, мисли интихоботҳои солҳои қаблӣ ягон фишору мушкилот вуҷуд надорад. Ҳамзамон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Мирзоалӣ Болтуев ба саволҳои сершумори таҳлилгарони масоили вобаста ба интихобот, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва таҳлилгари масоили вобаста ба васоити ахбори оммаи ҳайати нозирони САҲА посухҳои мушаххас дода, афзуд, ки интихоботи парлумони дар Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва озоду шаффоф гузаронида хоҳад шуд. Дар навбати хеш роҳбари ҳайати нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА Артис Пабрикс изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви шарафманди САҲА аст. Ва умед дорам, ки ҳузури ҳайати нозирони САҲА дар мушоҳидаи ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи хуб ба бор меорад, афзуд Артис Пабрикс.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






