М. ГЕТТО БА РӮЗНОМАНИГОРОНИ ТОҶИК ШАҲОДАТНОМА СУПОРИД

Январь 29, 2010 15:24

Душанбе, 29 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар остонаи баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ- интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон беш аз 20 нафар хабарнигорони расонаҳои хабарӣ, нашрияҳо ва радиою телевизиони Тоҷикистон дар машғулияти омӯзишии «Васоити ахбори омма ва интихобот» иштирок карданд. Чорабинии мазкур бо ибтикори намояндагии Фонди байналмилалии системаҳои интихоботӣ /IFES/ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ бо дастгирии Агентии рушди байналмилалии ИМА дар доираи лоиҳаи кӯмак ба интихоботи парлумонӣ гузаронида шуд. Тавре роҳбари дафтари IFES дар Душанбе Майкл Гетто гуфт, баргузории машғулияти амалӣ ҷиҳати фаъолгардонидани нақши кормандони ВАО дар  мавриди инъикоси воқеъбинонаи омода ва баргузории ҷараёни интихоботи парлумонӣ ва баланд бардоштани малака ва касбияти рӯзноманигорон мусоидат менамояд. Дар ҷараёни машғулияти амалӣ Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Муҳибулло Додоҷонов, мушовири калони САҲА оид ба масоили  ислоҳоти интихобот Роситса Каменова, коршиноси  IFES Вентислав Караҷов, тренерон Умрулло Меликов ва Сурайё Шуҷоат доир ба масъалаҳои бурдани ташвиқоти пешазинтихоботӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони ВАО дар доираи қонунҳои ҷорӣ, ташкили марказҳои интихоботӣ  ва нақши ин марказҳо дар паҳн кардани иттилоот, мақом ва ваколати нозирони миллӣ ва байналмилалӣ, одоб ва касбияти рӯзноманигорон ҷиҳати воқеъбинона инъикос намудани ҷараёни баргузории интихобот  табодули назар карданд.                         Зикр шуд, ки намояндагони ВАО дар ҷомеа ба ҳайси ҳокимияти чорум эътироф гардидааст ва нақши кормандони ВАО дар эъмори ҷомеаи дунявию демократӣ муассир аст. Ҳар як намояндаи ВАО метавонад дар интихобот дар як маврид ҳам ҷараёни интихоботро инъикос намояд ва ҳам ба ҳайси нозири миллӣ рафти интихоботро мушоҳида  кунанд.                         Дар фарҷоми машғулияти амалӣ  Роҳбари дафтари IFES дар Душанбе Майкл Гетто ба кормандони ВАО-и Тоҷикистон шаҳодатномаҳо супорид.

Январь 29, 2010 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад