М.УБАЙДУЛЛОЕВ: СОКИНОНИ ПОЙТАХТ ПЕШСАФ БУДАНД!

Январь 8, 2010 17:01

                 Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба масҷиди ҷомеи пойтахт ба номи Мавлоно Яқуби Чархӣ ташриф оварда, пеш аз хутбаи намози ҷумъа дар назди намозгузорон баромад кард.                  М.Убайдуллоев дар суханронии худ қайд кард, ки сокинони шаҳри Душанбе 6 январи соли ҷорӣ — рӯзи фурӯши оммавии саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, аз ҳама бештар саҳмия харидорӣ карда, ҷонибдории худро аз сиёсати созандагии Cарвари давлат Э.Раҳмон нишон доданд.                  «Дар баробари ҳамин ягон нафар ҳуқуқ надорад, ки шаҳрвандонро барои харидории саҳмияҳо маҷбур кунад. Бо қарори маҷлиси намояндагони халқи шаҳри Душанбе кормандони соҳаи маориф аз харидории саҳмияҳо озод ҳастанд, аммо ҳар як оилаи бошарафро мебояд саҳмияҳоро дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ харидорӣ кунад, зеро бунёди НБО Роғун ягона роҳи расидан ба истиқлолияти воқеии иқтисодӣ мебошад ва саҳм доштан дар ин иншооти миллӣ боиси ифтихор аст».                   Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ М.Убайдуллоев ҳамчунин қайд кард, ки баъзе аз расонаҳои хабарии ватаниву хориҷӣ гузоришҳоро аз ин маъракаи умумимиллӣ ғайривоқеӣ пешниҳод карданд. «Чунончӣ, гуфта мешавад, ки Раиси шаҳри Душанбе бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидааст. Ҳол он ки ман ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ карда, 4 саҳмияи арзишашон 5 ҳазориро ба шахсони камбизоат тақдим кардам».                  Дар охири сӯхбати худ М.Убайдуллоев изҳор кард, ки сокинони пойтахт то рӯзи 31 марти соли ҷорӣ харидории саҳмияҳоро идома хоҳанд дод. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки роҳбарияти бозори «Корвон» гӯё аз фӯрушандагони бозор бо роҳи фишор ва маҷбурӣ барои харидории саҳмияҳо маблағ ситонида бошад. «Бо супориши шахсии ман мақомоти марбута доир ба ин хабар санҷиш мегузаронанд», — гуфт М.Убайдуллоев.

Январь 8, 2010 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад