МАҶЛИСИ ШӮРОИ ДОИМИИ СААД
Маскав, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 26 январ дар Маскав маҷлиси навбатии Шӯрои доимии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи тайёр кардани кадрҳои низомӣ барои қувваҳои мусаллаҳи мамлакатҳои аъзои созмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иштирокчиёни маҷлис қарор қабул намуданд, ки Омӯзишгоҳи олии ҳарбии Краснодар ба номи генерал Штеменко маркази асосии таълимию методии омода сохтани кадрҳои низомӣ барои мамлакатҳои аъзои созмон муқаррар карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки давлатҳои аъзои созмон бо мутахассисони варзидаи соҳаи ҳарбӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотӣ таъмин карда шаванд. Омӯзишгоҳи мазкур инчунин ба мактабҳои олии соҳавии мамлакатҳои аъзои созмон кӯмаки методӣ мерасонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






