МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ ДОХИЛӢ 20,6 МИЛЛИАРД СОМОНИРО ТАШКИЛ ДОД

Январь 25, 2010 14:28

                 Душанбе, 25 января. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – «Дар соли 2009 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши реалии он ба 3,4 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли 2008-ум 3 миллиард сомонӣ зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмуддинов.                   У ҳамчунин зикр намуд, ки дар соли сипаригардида новобаста аз таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишвар, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, вазъи молиявӣ ва таъмини сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ мусбӣ арзёбӣ гардид. Дар соли 2009-ум аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 270,3 миллион сомонӣ ворид гардида, 176,5 миллион сомонӣ грант барои лоиҳахои инвеститсионӣ, 342,6 миллион сомонӣ қарз барои лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ва 576,9 миллион сомонӣ қарзи Чумҳурии Мардумии Чин аз худ карда шуд.                    С. Наҷмуддинов қайд кард, ки дар доираи Барномаи сиёсати буҷетӣ ҷавоба ба таъсири бӯҳрони молиявӣ аз ташкилотҳои байналмиллалии молиявӣ зиёда аз 300 миллион сомонӣ маблағҳои бебозгашт барои дастгирии буҷет ҷалб карда шуданд. Инчунин дар давоми соли 2009 — ум 15 созишнома оиди татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба маблағи 262,2 миллион долларои амрикӣ ба имзо расонида шуд. 

Январь 25, 2010 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад