МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ АВРУПО ДАР СААД

Январь 29, 2010 10:21

Маскав,  29 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). —  28  январ  дар  Маскав  машварати коршиносони  вазоратҳои  корҳои  хориҷӣ  ва   вазорату  идораҳои  дигари  манфиатдори  давлатҳои  аъзои  Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  баргузор  гардид. Дар  он   лоиҳаи  Созишномаи   таъмини  амнияти  мамлакатҳои  Аврупо  ва   ҳамоҳанг  сохтани  фаъолияти  давлатҳои аъзои  созмон  дар  бораи  тасвиби  созишномаи  мазкур  муҳокима  карда шуд. Иштирокчиёни  машварат  мазмуну  мӯҳтавои  лоиҳаи  созишномаро  умуман  маъқул  дониста,   изҳори  умед  карданд, ки   мамлакатҳои  Аврупо  низ  онро  дастгирӣ  хоҳанд  кард. Созишномаи  мазкур  бо ташаббуси  Федератсияи   Русия  таҳия  карда  шуд,  иштирокчиёни  машварат ба  пешниҳоди  Ҷумҳурии  Қазоқистон  дар  бораи   гузаронидани  мулоқоти  роҳбарону  намояндагони   мамлакатҳои  аъзои  созмон  дар  соли  2010  бахшида ба  ин  масъала   баҳои  мусбат  доданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  машварат  Муншии  умумии  СААД  Николай  Бордюжа,   намояндагон  ва  коршиносони  вазоратҳои  корҳои  хориҷӣ  ва   вазорату  идораҳои  дигари  дахлдори  давлатҳои аъзои созмон  иштирок  доштанд. Аз  Тоҷикистон  дар  машварат  намояндаи  ваколатдори  Тоҷикистон  дар  СААД,  мушовири  сафоратхонаи  Тоҷикистон  дар  Русия  Тӯрабек  Назаров  ва   намояндаи   ваколатдори қувваҳои  мусаллаҳи  Тоҷикистон  дар Ситоди  кулли  СААД  Маҳмадалӣ  Достиев   ширкат  варзиданд.

Январь 29, 2010 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!