МУАССИСАИ РОҲИ ОҲАН АЗ БУҶЕТ ҚАРЗДОР НЕСТ
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 20 январ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ба саволҳои мухбирон сардори корхона Амонулло Ҳукумов, роҳбарони раёсатҳо ва мутахассисони он ҷавоб доданд. Қайд карда шуд, ки Муассисаи роҳи оҳани Тоҷикистон айни ҳол 2070 вагони боркаш, 354 вагони мусофирбар ва 55 тепловоз дорад. Дар роҳҳои оҳани мамлакат 33 истгоҳ сохта шудааст. Дарозии умумии роҳҳои оҳани ҷумҳурӣ 954 километр мебошад. Соли 2009 ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан 14 миллиону 547 ҳазор тонна мол кашонда шуд, ки аз соли 2008 – ум 2000 тонна зиёд аст. Ҳаҷми боркашонии транзитӣ 9 миллиону 30 ҳазор тоннаро ташкил дод. Соли гузашта ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан ба хориҷи кишвар 810 тонна мол фиристода, аз хориҷа ба ҷумҳурӣ 4 миллиону 455 ҳазор тонна мол ворид карда шуд. Инчунин соли гузашта 201 ҳазору 753 тонна маҳсулоти кишоварзӣ кашонида шуд. Кормандони муассиса дар ин муддат ба 716,2 ҳазор мусофир хизмат расониданд. Ин нисбат ба соли 2008 бештар аз 116 ҳазор нафар кам мебошад. Сабаби асосии кам шудани мусофирон коҳиш ёфтани муҳоҷирати коргарон ба Федератсияи Русия, инчунин кушода будани туннели «Истиқлол» дар фасли зимистон аст, гуфт А.Ҳукумов. Дар ин муддат 309 вагони нави боркаш ва 35 вагони нави мусофирбар харида шуд. Дар корхонаи муассиса 17 ҳазору 715 сутуни зери релс тайёр карда шуд. Ин нисбат ба соли гузашта хеле зиёд аст. Бо супориши Ҳукумати мамлакат соли 2009 сохтмони роҳи оҳани «Душанбе — Қӯрғонтеппа» оғоз ёфт. То имрӯз дар сохтмони он 3 миллиону 607 ҳазор сомонӣ сарф карда шуд. А.Ҳукумов дар фарҷоми нишасти матбуотӣ зикр кард, ки Муассисаи роҳи оҳан то имрӯз аз буҷети давлат, додани маош ва музди кори коргарон ва аз муассисаҳои роҳи оҳани мамлакатҳои дигар қарздор нест. Муассиса соли гузашта ба маблағи 140 миллиону 942 ҳазор сомонӣ андоз супорид. Кормандони мо даъвати Президенти мамлакатро дастгирӣ намуда, ба маблағи 10 миллион сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро хариданд, гуфт дар хотима Амонулло Ҳукумов.








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






