МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ РУСИЯ
Лондон, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки дар Лондон дар конфронси байналхалқии бахшида ба проблемаҳои Афғонистон иштирок дошт, дар ин ҷо 28 январ бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров мулоқот кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни сӯҳбат дар масъалаҳои ҳамкории ҳар ду мамлакат дар бобати расонидани кӯмак ба Афғонистон, вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия табодули назар карда шуд. Мулоқот дар рӯҳияи боварию эътимод ба ҳамдигар гузашт, ки ба муносибатҳои Тоҷикистону Русия хос буда, мувофиқи принсипҳои ҳамкории стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқчигӣ ба роҳ монда шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






