МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО М. АҲМАДИНАЖОД

Январь 5, 2010 14:12

                   5 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот намуд.                      Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод омодагии худро ба густариши муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, ки мазмуни табиии стратегӣ доранд, бори дигар таъкид намуданд, ба хусус баҳри рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ.                      Тасмимоти муштараки Тоҷикистону Эрон дар мавриди пурра ва бо сифати баланд анҷом додани сохтмони нақби мошингарди Истиқлол, тезондани сохтмони нерўгоҳи Сангтўда-2, бо сармоягузории ҷониби Эрон ба роҳ мондани лоиҳакашӣ ва бунёди нерўгоҳи 170 мегаватаи Айнӣ дар болои дарёи Зарафшон таъкид гардид.                      Ҳарду ҷониб талош мекунанд, то ки навбати аввали нерўгоҳи Сангтўда – 2 то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.                     Лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи обии 870 мегаватаи Шўроб дар болои дарёи Вахш ва як нерўгоҳи хурди 21 – мегавата дар болои Искандардарё низ мавриди омўзиш барои татбиқ қарор хоҳад гирифт.Тасмими сохторҳои дахлдори ду давлат доир ба анҷом додани корҳои геологӣ – ҷустуҷўӣ барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон низ таъкид гардид.                    Бо ёдоварӣ аз кори босамари 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки баҳри афзун намудани корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ кўшиш ба харҷ диҳанд.                    Сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин оид ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ, ки соли равон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд ва доир ба дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ аз масоили минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугў намуданд.Бо ҳамин барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон ба поён расид ва худи ҳамин рўз ў аз шаҳри Душанбе ба Туркманистон рафт.                       Дар фурўдгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гусел намуд.                     Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Январь 5, 2010 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус