МУЛОҚОТИ Н.БОРДЮЖА БО МУНШИИ УМУМИИ СММ
Маскав, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 13 январ дар Ню — Йорк маҷлиси Шӯрои амнияти СММ баргузор гардид. Дар он масъалаи вусъат додани ҳамкории СММ бо созмонҳои дигари байналхалқию минтақавӣ барои ҳалли проблемаҳои таъмини амният муҳокима шуданд. Дар маҷлис Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа иштирок дошт ва сухан кард. Н.Бордюжа ба иштирокчиёни маҷлис хабар дод, ки СААД барои таъмини амният дар минтақаи таҳти масъулияташ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Вақтҳои охир дар бораи ташкил намудани нерӯи самарабахши зиддибӯҳронии созмон қарор қабул карда шуд. Барои ин аз қисмҳои беҳтарини ҳарбии давлатҳои аъзои созмон Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши таъҷилӣ ташкил карда шуданд. Инчунин барои ба роҳ андохтани фаъолияти ҳимояи сулҳ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Н.Бордюжа дар Ню — Йорок бо Муншии умумии СММ Пан Ги Мун мулоқот кард. Дар ин мулоқот намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин ва муовини муншии умумии СММ дар масъалаҳои сиёсӣ Линно Паско иштирок доштанд. Н.Бордюжа ба мусоҳибонаш дар бораи натиҷаҳои фаъолияти СААД дар соли 2009 ва нақшаҳои соли 2010 маълумоти муфассал дод.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






