МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ АФҒОНИСТОН ВА САРВАЗИРИ ТУРКИЯ

Январь 26, 2010 10:16

                    Истамбул, 26 январ. (АМИТ «Ховар» — афғонистон.ру). — Президенти Афғонистон Ҳамид Карзай, ки барои иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои ҳамсояи мамлакаташ ба Туркия рафта буд, дирӯз бо сарвазири ин мамлакат Раҷаб Тоиб Ардагон мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла таҳсили кадрҳои низомии Афғонистон дар мактабҳои олии ҳарбии Туркия муҳокима шуданд.                     Сарвазири Туркия изҳор намуд, ки Ҳукумати мамлакаташ ба Афғонистон дар бобати беҳтар сохтани вазъияти соҳаи маориф то ҳадди имкон кӯмак мерасонад. Вай зикр намуд, ки бо кӯмаки Туркия фаъолияти 68 мактаб дар Афғонистон барқарор карда шуд. Туркия ҳамчунин дар такмили маҳорати кормандони политсияи Афғонистон кӯмак мерасонад. Тибқи паймони дуҷониба, ояндаи наздик бештар аз 500 хизматчии ҳарбии афғон барои таҳсил ба Туркия фиристода мешаванд.                      Сарвазири Туркия изҳор намуд, ки мутахассисони мамлакаташ хонаи мутафаккири машҳури тоҷик Ҷалолиддини Балхиро дар вилояти Балх пурра тармим хоҳанд кард. 

Январь 26, 2010 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд