МУНШИИ НАВИ УМУМИИ СҲШ БА ИҶРОИ ВАЗИФАҲОЯШ ШУРӮЪ НАМУД

Январь 23, 2010 11:59

                  Пекин, 23 январ. (АМИТ «Ховар» — инфошос.ру). — Муншии нави умумии Созмони ҳамкории Шанхай Муродбек Имоналиев 21 январ ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ намуд. Ба ин муносибат дар Пекин ҷамъомад баргузор гардид.                   Дар он муовини вазири корҳои хориҷии Чин Ли Сзинчжон дар бораи фаъолияти нӯҳсолаи созмон сухан ронд. Вай зикр намуд, ки созмон барои таъмини амнияту суботи минтақа, равнақу ривоҷи ҳамкории мамлакатҳои аъзои он ва то ҳадди имкон кам кардани таъсири зуҳуроти номатлуби замони ҳозира мусоидат менамояд. Ба туфайли кӯшишҳои созмон муносибатҳои давлатҳои аъзои он густариш ёфта, барои рушди иқтисодиёти онҳо шароит муҳайё карда шуд. Дипломати чинӣ изҳор намуд, ки маъмурияти мамлакаташ ба фаъолияти СҲШ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Фаъолияти созмон ва хусусан роҳбари он дар оянда низ аз ҷониби Ҳукумати Чин дастгирӣ карда хоҳад шуд, гуфт дипломати чинӣ.                     Роҳбари нави СҲШ изҳор кард, ки тамоми маҳорату дониш ва таҷрибаи худро барои беҳтар сохтани муносибатҳои мамлакатҳои аъзои созмон сарф хоҳад кард.                     Хабар дода мешавад, ки Муродбек Имоналиев намояндаи Қирғизистон буда, дар вазифаи Муншии умумии СҲШ намояндаи Қазоқистон Болат Нургалиевро иваз кард.                      М.Имоналиев моҳи феврали соли 1956 дар шаҳри Фрунзе таваллуд шуда, соли 1978 Пажӯҳишғоҳи мамлакатҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Ихтисоси ӯ шарқшинос ва тарҷумони забони чинӣ мебошад.                     Мавсуф ғайр аз забони модариаш забонҳои русию англисӣ ва чиниро хеле хуб медонад.                        М.Имоналиев то ба вазифаи Муншии умумии СҲШ таъин гардиданаш мушовири президенти Ҷумҳурии Қирғизистон буд.

Январь 23, 2010 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!