Н. ДАВЛАТОВ: «МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ ВАО ДАР САТҲИ ПАСТ ҚАРОР ДОРАД»
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Он масъалагузориҳое, ки имрӯз дар воситаҳои ахбори омма оид ба соҳаи андоз ба табъ мерасанд дар сатҳи пасти касбӣ қарор дошта, аз савияи пасти дониши ҳам кормандони мақомоти андоз ва ҳам намояндагони ВАО дарак медиҳад», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 25 январ, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов. Ӯ мӯътақид бар он аст, ки аксари таҳиякунандагони ин маводҳо аз санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи андоз ба хубӣ огоҳ набуда, мақолаҳоеро ба табъ мерасонанд, ки аз воқеият дур ва дар сатҳи касбӣ нестанд. Аз ин рӯ, бояд ҳангоми таҳияи маводҳои таҳлилӣ бо мутахассисони варзидаи соҳа ҳамкорӣ намуд, то он дар сатҳи касбӣ барояду воқеияти ҳол дар он ба таври касбӣ инъикос ёбад. Раиси Кумитаи андоз оид ба фаъолияти мақомоти андоз дар давоми соли 2009 маълумот дода, зикр намуд, ки дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар соли сипаригардида нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 107 фоиз таъмин гардид ва ба ҷойи 2133,7 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷет 2283,6 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 150 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин, бояд тазаккур дод, ки дар давоми соли 2009 иҷрои нақшаи роялти барои об пурра таъмин нашудааст. Андоз барои истифодабарандагони қаъри замин – 95,6 фоиз ва андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ — 91,7 фоиз таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 31,4 миллион сомонӣ ворид нагардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






