НАРХҲО ДАР СОЛИ 2009 БОЛО РАФТАНД

Январь 13, 2010 09:40

                  Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар соли 2009 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафт.                    Аз авали соли 2009 аз ҳама бештар нархи себ – 58,2 фоиз, шакар – 56,9, намаки майда – 29,6, тухм – 25-30, карам – 24,8, нахӯд -16,5, чой -12,5, маҳсулоти ширӣ — 13,7, моҳии зинда – 14 – 16 фоиз, қаймоқ ва шарбатҳои меваю сабзавот – 8,6, гӯшти гов – 4,6, гӯшти гӯсфанд – 4,3 ва маҳсулоти макаронӣ 3,1 фоиз баланд гардид.                    Зимнан, нархи бехпиёз – 56,5 фоиз, сабзӣ — 9,1, орди навъи 1- ум – 5, 8 фоиз арзон шуд.                     Он чиз боиси нигаронии мардум аст, ки бо вуҷуди зиёд истеҳсол гардидани гандуми ватанӣ нархи нон дар дӯкону бозорҳо бо баҳонаи боло рафтани нархи сӯзишворӣ паст нашуд.  

Январь 13, 2010 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад