НОМИ НАВЗОДРО РОҒУНШОҲ ГУЗОШТАНД

Январь 7, 2010 10:48

                  Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд дар арафаи ба фурӯш гузошта шудани саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» писараке таваллуд шуд, ки ӯро Роғуншоҳ ном гузоштанд.                    Дар замоне, ки бештари мардуми Тоҷикистон барои харидани саҳмияҳои НБО «Роғун» омодагӣ мегирифтанд, дар хонаводаи Бобохоновҳо аз ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов писараке ба дунё омад ва бо пешниҳоди бобои падарии ин навзод, исми ӯро Роғуншоҳ ниҳоданд.                     Роғуншоҳи навзод дар оила фарзанди дуюмини волидайн буда, падару модари вай саҳмдорони яке хоҷагиҳои ин ноҳия мебошанд.Нахуcтин фарзанди ин оила низ писар буда, ба хотири шоири шаҳиру миллатдӯст Иқболи Лоҳурӣ — Муҳаммадиқбол ном гузошта шудааст.                   Бобои Роғуншоҳи навзод Абдуллоҷон Бобохонов орзу дорад, ки ин набераашро баъди хатми мактаб ба донишгоҳи энергетикӣ, барои таҳсил равон кунад, то ки дар оянда мутахассиси хуби соҳа гардад.                     Абдуллоҷон Бобохонов ба номи Роғуншоҳ ду саҳмия ба маблағи 500 сомонӣ харидорӣ намуда, ният дорад, ки дар давоми сол боз ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ саҳмия харад ва дар бунёди ин иншооти муҳим саҳм гузорад.

Январь 7, 2010 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад