ОМӮЗИШИ СОҲА — САРЧАШМАИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Баланд бардоштани дараҷаи маълумот ва такмили дониши кормандони соҳаи кишоварзӣ яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи пахтакорӣ» мебошад, ин ҳадаф тавассути Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ» дар ноҳияҳои озмоишии лоиҳаи номбурда амалӣ мегардад. Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, Марказ соли 2009 тибқи озмун барои татбиқи барномаҳои «Хизматрасонӣ ва паҳнкунии дониш дар байни деҳқонон» ва «Барномаи кор бо аҳолӣ» 16 ташкилоти ҷамъиятиро ҷалб карда буд. Ин ташкилотҳо бо деҳқонон, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён, Қумсангир, Вахш, Бохтар, Восеъ ва Фархор вохӯрӣ ва семинар – машваратҳо доир намуда, масъалаҳои қонунгузорӣ доир ба кишоварзӣ, андоз ва андозбандӣ, идоракунии молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ – фермерӣ ва амсоли ин маълумоти муфассал доданд. Дар ин давра 208 семинари омӯзишӣ, ки дар он 4378 нафар аз ин ҳисоб 2006 нафар занон, 190 вохӯрӣ, 25 мизи мудаввар ва 25 машварати омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар ин чорабиниҳо 5826 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ дониши худро такмил дода, дар истеҳсолот онро истифода мебаранд. Тавре аз Маркази итилоотии “Маркази идораи лоиҳаҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувори соҳаи пахтакорӣ" М. Буриева хабар дод, санҷиши рафти фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби мутахассисони Марказ маълум намуда, ки чунин ҷамъомадҳои омӯзишӣ – иттилоотӣ барои ҳар як корманди соҳа хеле зарур аст ва вазъи имрӯзаи деҳқонон тақазо мекунанд, ки доир ба ин ё он мавзӯъ барояшон маълумоти муфассал дода шавад. Натиҷаҳои чунин омӯзиш дар он аст, ки ҳар як хоҷагидор ҳуқуқ ва вазифаи худро ба хубӣ дониста, барои баланд бардоштани самаранокии кор аз дониши андӯхтааш ҳамаҷониба истифода мебарад. Мутобиқи лоиҳаи «Барқарорсозии соҳаи пахтакорӣ» соли ҷорӣ ҳам чунин чорабинио дар ноҳияҳои озмоиши дар назар аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






