ОЗМУНИ ЭҶОДӢ
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамроҳи Ташкилоти экологӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Помир барои офаридани нишони рамзӣ (эмблема) ва шиор (хитоба) – и ташкилоти мазкур ба забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ озмун эълон менамояд. Нишони рамзӣ ва шиори ташкилот бояд мазмуну мундариҷаи миллӣ ва матни мувофиқ дошта, сарватҳои бои табиӣ, мероси пурғановати таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ифода карда тавонад. Шиор инчунин бояд ба мазмуни нишони рамзӣ мувофиқат дошта, онро пурра кунад. Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Хорва» хабар доданд, ки нишони рамзӣ ва шиорҳои пешниҳодшуда дар комиссияи махсуси аз ҷумлаи коршиносони соҳаҳои фарҳанг ва туризм ташкилёфта муҳокима карда хоҳад шуд. Барои лоиҳаҳои беҳтарин ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ (1000 сомонӣ барои нишони рамзӣ ва 1000 сомонӣ барои шиор) муқаррар карда шудааст. Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






