ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО БА ОХИР РАСИД
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 15 январ пешбарии номзадҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии мамлакат аз ҳавзаҳои якмандатӣ ба охир расид. Аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсии мамлакат дар 41 ҳавзаи якмандатӣ 169 номзад пешбарӣ карда шуд. Дар интихоботи имсола бештар аз 250 номзад барои ба даст овардани 63 ҷой дар палатаи поёнии парлумон мубориза мебаранд. Ин нисбат ба интихоботи соли 2005 ду баробар зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки қисми зиёди вакилон аз ҳавзаҳои якмандатӣ пешбарӣ шудаанд. Ҳамаи 8 ҳизби сиёсии бақайдгирифташуда номзадҳояшонро ба вакили Маҷлиси намояндагон пешбарӣ карданд. Шумораи номзадҳои Ҳизби халқии демократӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҳама бештар мебошад. Ҳар кадоми ин ҳизбҳо 22 нафарӣ номзад пешбарӣ карданд. То 16 январ рӯихати номзадҳои вакилон тайёр карда, баъдан то 8 феврал ҳуҷҷатҳои онҳо омӯхта мешаванд. Дар ин муддат номзадҳо ҳуқуқ доранд, ки дар мавриди розӣ набуданашон ба қарори комиссия аз болои он шикоят кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






