ПЕШНИҲОДИ МУНШИИ УМУМИИ СММ
Лондон, 29 январ. (АМИТ «Ховар» — un.org/.). — Муншии умумии СММ Пан Ги Мун дирӯз дар Лондон дар конфронси байналхалқӣ бахшида ба Афғонистон сухан карда, изҳор намуд, ки ҳалли бисёр масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва ҳарбиро дар Афғонистон минбаъд ба зиммаи худи афғонҳо гузоштан зарур аст. Вай ёдовар шуд, ки президенти Афғонистон Ҳамид Карзай ислоҳоти иқтисодӣ, таъмини амният, ба роҳ мондани идораи самарабахши иқтисодиёт, мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, мубориза ба муқобили маводи нашъадор, таҳкими вазъи мӯътадили сиёсӣ, амният дар минтақаи сарҳад ва вусъат бахшидани ҳамкории минтақавиро аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти ҳукумати мамлакат муқаррар намуд. Таъкид шуд, ки ҳукумати Афғонистон бояд қотеона ба ҳалли ин масъалаҳо шурӯъ намояд ва мамлакатҳои дигар бояд барои иҷрои онҳо ба Афғонистон то ҳадди имкон кӯмак расонанд. Пан Ги Мун пешниҳод намуд, ки вазифаҳо ва ваколатҳои қувваҳои мусаллаҳи хориҷӣ бояд тадриҷан ба зиммаи мақомоти дахлдори Афғонистон гузошта шаванд. Вай афғонҳоро даъват намуд, ки масъулияти ояндаи худро ба даст гирифта, бо кӯмаки мамлакатҳои дигар ва созмонҳои байналхалқӣ зиндагии осоиштаи худро таъмин созанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






