РАЁСАТИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ТОҶИКИСТОН БА ЗИММАИ БРИТАНИЯИ КАБИР ГУЗОШТА ШУД

Январь 13, 2010 09:31

                  Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Раёсати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2010 ба зиммаи Сафорати Британияи Кабир гузошта шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки сафорати Фаронса дар Душанбе ба ҷои Швейтсария дар давоми шаш моҳи охир раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба зимма гирифта буд. Тибқи қоидаи маъмулӣ, ҳар мамлакати узви Иттиҳоди Аврупо бояд бо навбат раёсати ин созмони минтақавиро ба зиммаи худ гирад. Раёсати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон нимаи аввали соли 2010 мебоист ба зиммаи Испания гузошта шавад.                  Вале дар Тоҷикистон сафорати Испания вуҷуд надорад, бинобар ин ба ҷои он сафорати Британияи Кабир ин вазифаро ба зиммаи худ мегирад. Мувофиқи муоҳидаи Лиссабон, раёсати Иттиҳоди Аврупо дар мамлакати дигар ба зиммаи намояндагии дипломатии мамлакати аъзои созмон гузошта мешавад. Аз нимаи дуюми соли 2010 сар карда, раёсати Иттҳоди Аврупо ба зиммаи намояндагии он дар Душанбе гузошта хоҳад шуд.                    Вазифаи аввалини раиси Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон муҳайё сохтани шароит ба сафари намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо Пер Морел ба Осиёи Марказӣ мебошад. П.Морел 13 январ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Январь 13, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад