С. ХАЙРУЛЛОЕВ: «РУСИЯ ШАРИКИ АСОСИИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН АСТ»
Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Русия аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, ҷумҳурии мо омода аст дар тамоми заминаҳо бо ин кишвари абарқудрат ҳамкорӣ ва равобити ҳасана дошта бошад», гуфт зимни мулоқоташ Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юрий Попов. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро дар бахши иқтисоду сиёсат ва дигар мавзуоти муҳими ҳасанаро баррасӣ карданд. С. Хайруллоев аз раванди муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори таҳкими ҳар чӣ бештари ҳамкориҳо шуд. Мавсуф гуфт, ки мутмаин ҳастам, ки зимни фаъолияти дипломатии шумо сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия густариш хоҳанд ёфт. Мусоҳибон атрофи ҳамкориҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар табодули назар намуда, тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ байнипарлумонии Тоҷикистону Русияро ба миён гузоштанд. Дар мулоқот омодагии Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ низ баррасӣ гардид.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






